Фонди хайрияи кӯмак ба муҳоҷирони меҳнатии тоҷики шаҳри Санкт-Петрбурги Русия ба хона-интернати №1 барои кӯдакони имконияташон маҳдуди ин шаҳр бо як миқдор маҳсулоти ғизойӣ ва маводи канселярӣ кӯмак кард. Дар ин хона-интернат беш аз 300 нафар кӯдакони имконияташон маҳдуд тарбия мегиранд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» роҳбари Фонд Неъмат Бобоҷонов хабар дод, иқдоми мазкур ба муносибати Рӯзи байнулмилалии ҳифзи кӯдакон сурат гирифтаааст. «Қаблан мо аз ин хона-интернат боздид карда, аз эҳтиёҷоти мавҷудаи кӯдакон огоҳ гардидем ва маълум шуд, ки онҳо барои эҷодкорӣ ба маводи канселярӣ аз қабили қаламу ранг, албом ва ғайра ниёз доштаанд», - гуфт ӯ.
Номбурда ҳамчунин гуфт, Фонд минбаъд низ мувофиқи имкон ба хонаҳои кӯдакон ва интернатҳои шаҳри Санкт-Петербург кӯмак хоҳад расонид, зеро «хайру эҳсон кори ҳар як мусулмони оқил аст».
Фонди хайрияи кӯмак ба муҳоҷирони меҳнатии тоҷики шаҳри Санкт-Петрбурги Русия созмони ҷамъиятиест, ки чанде пеш дар шаҳри Санкт-Петербург таъсис ёфт. Ҳадаф аз таъсиси созмон кӯмак ба ҳамватанон дар ҳалли мушкилоти онҳо аст. Аз ҷумла, Фонд барои интиқоли ҷасадҳои муҳоҷирон ба ватан мусоидат менамояд. Ҳамчунин Фонд аксияҳои гуногуни хайрия низ доир месозад.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста