Як қатор интернет-провайдерони Тоҷикистон дастрасӣ ба яке аз сомонаҳои писандидаи кишвар – сомонаи иттилоотии www.news.tj –ро қатъ карданд, ки ба медиа-холдинги «Азия-Плюс» мутааллиқ аст.
Қатъи дастрасӣ ба сомона дар асоси мактуби Хадамоти алоқаи назди ҳукумати ҷумҳурӣ сурат гирифтааст. Тибқи маълумоти ба ОИ «Азия-Плюс» расида, имрӯз ба провайдерон бо мазмуни қатъи дастрасӣ «бо сабабҳои техникӣ ва корҳои профилактикӣ» мактуб расидааст.
Айни замон идораи оҷонсӣ бо реҷаи муқаррарӣ машғули кор аст, зеро ба интернет-провайдери «Азия-Плюс» то ҳанӯз мактуби расмии Хадамоти алоқа нарасидааст.
Портали интернетӣ дар хориҷи кишвар ҷойгир буда, дастрасии мушатриёни дигар кишварҳо ба он боз аст. Иттилоот барои корбарони Тоҷикистон ҳамчунин дар сафҳаи мо дар Facebook https://www.facebook.com/newstj ҷойгир карда мешаванд.
Аз ОИ: Айни замон вазъ тамоман норӯшан аст ва мо кӯшиш мекунем, ки сабаби онро муайян кунем. Интизори тафсилоти нав бошед.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста