Аз 1-уми декабри соли 2011 то 1-уми июни соли равон қарзи корхонаву ташкилотҳои Вазорати мелиоратсия ва захираҳои обии Тоҷикистон дар минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон ба андозаи 2,7 млн. сомонӣ афзуда, бо бақияи солҳои пешин дар маҷмӯъ 14,7 млн. сомониро ташкил дод.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати вилояти Хатлон хабар дод, ҳанӯз моҳи августи соли гузашта бо супориши раиси вилоят Ғайбулло Афзалов реҷаи пардохти қарзи истифодаи барқ аз ҷониби ин корхонаву ташкилотҳо тартиб дода шуда буд, вале он ҳам мушкилотро ҳал карда натавонист.
Ба қавли директори корхонаи шабакаҳои барқи минтақаи Кӯлоб Мирзо Исмоилов, корхонаву ташкилотҳои тобеъи Вазорати мелиоратсия натанҳо аз пардохти қарзи ҷорӣ саркашӣ мекунанд, балки қарори Суди иқтисодии вилоят дар бораи фавран пардохт намудани 5 млн. маблағи қарздориро нодида мегиранд.
М.Исмоилов мегӯяд, моҳи май беҳбуди ҷараёни пардохти қарзи маблағи истифодаи барқ аз ҷониби аҳолӣ ба мушоҳида расидааст. «Моҳи май ба аҳолӣ ба маблағи 1 млн. 227 ҳазор сомонӣ барқ интиқол дода шуда, маблағи пардохт 1 млн. 367 ҳазор сомониро ташкил дод, яъне дар ин моҳ аҳолӣ 140 ҳазор сомонӣ қарзҳои пешини худро ҳисоббаробарӣ намуд», - афзуд номбурда.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста