Нимаи дуюми имрӯз дастрасӣ ба торнамои писандидаи тоҷикистониён – www.news.tj барқарор шуд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз чанде аз ин ширкатҳо хабар доданд, имрӯз ба онҳо аз Хадамоти алоқаи назди ҳукумати ҶТ дар хусуси барқарор кардани дастрасӣ ба сомонаи медиа-холдинг нома расидааст.
Ёдрас мекунем, ки муддати беш аз 2 шабонарӯз як қисмате аз истифодабарандагони торнамо дар Тоҷикистон ба иллати қатъи дастрасӣ ба сомона дар асоси мактуби сардори Хадамоти алоқа Бег Зуҳуров ба он ворид шуда наметавонистанд. Қатъи дастрасӣ ба сомона бо «сабабҳои техникӣ ва корҳои профилактикӣ» шарҳ дода шуда буд.
Баъдтар маълум шуд, ки Б.Зуҳуров тасмим гирифтааст, барои дар поварақи иттилооту мақолаҳо ба нашри як шарҳи иғвобарангези корбари торнамо роҳ додан, дастрасӣ ба сомонаро қатъ кунад. Пас аз гуфтушунид бо масъулони торнамои медиа-холдинг, Бег Зуҳуров ваъда дода буд, ки ояндаи наздик мушкилоти дастрасӣ ба сомонаи хабаргузорӣ ҳал мешавад.
Ҳамчунин чанде аз ширкатҳои фароҳамсози интернет дастрасӣ ба торнамои дигари медиа-холдинги «Азия-Плюс» - сомонаи www.islamnews.tj-ро низ қатъ карда буданд. Сомонаи мазкур лоиҳаи холдинг буда, ҳаёти мусулмонон дар Тоҷикистон ва хориҷи кишврро инъикос менамояд. Бояд гуфт, ки ширкатҳои фароҳамсози интернет дар хусуси қатъи дастрасӣ ба ин сомона мактуб нагирифтаанд. Айни замон www.islamnews.tj низ барои ҳамаи корбарони Тоҷикистон боз аст.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста