Пажӯҳишгоҳи Бонки осиёгии рушд (БОР) таҳти унвони «Осиёи дар ҳоли рушд қарордошта-2012» барои журналистоне, ки дар кишварҳои Осиё ва минтақаи Укёнуси Ором машғули коранд, озмун эълон намуд.
Дар иттилоияи намояндагии БОР дар Тоҷикистон гуфта мешавад, дар маркази таваҷчӯҳи озмун яке аз масъалаҳои муҳим – «Рушди сабз – ё рушд муқобили муҳити зист» қарор гирифтааст, ки дар Осиё ва минтақаи ҳавзаи Уқёнуси Ором яке аз масоили муҳими рӯзмарра ба шумор меравад.
«Тайи панҷ даҳсолаи ахир дар қораи Осиё ва минтақаи Уқёнуси Ором рушду инкишофи бесобиқа ба қайд гирифта шуда, масрафи захираҳои бузург ва энергияро тақозо намуд, ки ба вазъи ҳифзи муҳити зист ва сатҳи некӯаҳволии қишри камбизоати аҳолӣ таъсири манфӣ расонид», - зикр мегардад дар иттилоия.
Дар иттилоия қайд мешавад, ки айни замон зарурати пеш гирифтани роҳу воситаҳои нави рушд эътироф гардидааст. «Минбаъд зараре, ки ба муҳити зист расонида мешавад, барои рушд қобили қабул шуморида намешавад», - омадааст дар иттилоия.
«Рушди иқтисодӣ муҳим аст, лекин вазъи кунунӣ ба ҳаёти имрӯза мутобиқ нест ва мо боварӣ дорем, ки ин озмун ба омӯзиши вазъ тавассути фаъолияти журналистон ва шарҳи масъала дар ин самт аз ҷониби онҳо кӯмак хоҳад кард», - изҳор доштааст декан ва директори Пажӯҳишгоҳи БОР Масахиро Кавай зимни эълони озмун.
Мавзӯъҳои имконпазири иштирок дар озмун аз тағйири иқлим (хушксолӣ, обхезӣ, баланд шудани сатҳи баҳр ва ғайра), истифодаи пурсамари энергия, сарчашмаҳои барқароршавандаи энергия, идораи об, партовҳо ва ҷангал, нақлиёт, ифлосшавии муҳити зист, рушди шаҳрҳо ва ғайра иборатанд.
Муҳлати охирини пешниҳоди мавод ба санаи 31-уми августи соли 2012 муқаррар шудааст.
Дар иттилоия хабар дода мешавад, ки ҳайати ҳакамон 25 нафар иштирокчиёни даври ниҳоии озмунро интихоб мекунад. Иштирокчиёне, ки ҷойҳои якуму дуюм ва сеюмро мегиранд ва ҳамчунин журналисти ҷавоне, ки ба санаи 31-уми августи соли 2012 синнусолаш аз 30-сола болоро ташкил намедиҳад, бо мукофотҳои пулӣ сарфароз гардонида мешаванд. Ҳамаи иштирокчиёни даври ниҳоӣ моҳи ноябри соли равон ба Токио ҷиҳати иштирок дар ҳамоиш ва маросими тақдими ҷойизаҳои озмун даъват карда мешаванд.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста