Дар зарфи 5 моҳи соли равон ба Тоҷикистон аз 31 кишвари хориҷи дуру наздик кӯмаки башардӯстона ворид гардид. Маблағи умумии кӯмак беш аз 36,2 млн. доллари ИМА-ро ташкил дод.
Бино ба маълумоти Агентии омори назди президенти ҷумҳурӣ, ҳаҷми кӯмаки ба Тоҷикистон дар ин давра воридгардида беш аз 8,2 ҳазор тоннаро ташкил дод. Дар ин давра ба сифати кӯмаки башардӯстона ба ҷумҳурӣ беш аз 4,9 ҳазор тонна орд ба маблағи зиёда аз 2,1 млн. $, 374,9 тонна равғани рустанӣ ба маблағи 605 ҳазор $, воситаҳои дорувориву таҷҳизоти тиббӣ ба маблағи умумии 17,5 млн. $, сарулибос ва пойафзол ба маблағи 456 ҳазор $, дигар маҳсулоти ғизойӣ, кӯрпаву кампал, таҷҳизоти барқиву компютерӣ ва ғайра ворид гардиданд.
Миёни кишварҳои мададрасон вазни нисбатан хос аз рӯи арзиши кӯмаки башардӯстона ба ИМА – 50,5%, Миср – 5,8%, Нидерланд – 4,6%, Чин – 3.%, Олмон – 3,4%, Фаронса – 3,3%, Ҷумҳурии Корея – 3,1%, Латвия – 2,8%, Эрон – 2,8%, Дания – 1,9% ва миёни кишварҳои узви ИДМ - Русия – 10,2% ва Қазоқистон – 2,9% рост меояд.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста