Аз шумори умумии ҷавонони вилояти Хатлон, ки дар макотиби исломии хориҷӣ таҳсил мекарданд, 83 нафар ба ватан барнагаштанд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сарёвари прокурори вилояти Хатлон Толибҷон Азимов хабар дод, ба таври умум дар муассисаҳои таълимоти динии хориҷӣ 978 нафар сокинони вилояти Хатлон таҳсил карда, 897 нафари онҳо ба ватан баргаштаанд.
«Аз шумории умумии ба ватан баргаштагон 58 нафар дар макотиби таҳсилоти умумӣ ва 52 нафар таҳсили худро дар макотиби олӣ идома дода, 39 нафар ҷавонон ба хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳ даъват шуданд ва 357 нафар бо ҷойи корӣ таъмин гардиданд. Аммо аксари ҷавонони баргашта акнун ватанро ба хотири дарёфти воситаи рӯзгузаронӣ тарк намуда, қисмати дигар бо ҷойи корӣ таъмин нестанд», - гуфт Азимов.
Ба гуфтаи ӯ, барои дарёфти кор 278 нафар ҷавонон сафар ба кишварҳои узви ИДМ-ро ихтиёр карда, тақдири минбаъдаашон рӯшан нест ва 111 нафар ҷавонон то ҳанӯз бекоранд.
Номбурда мегӯяд, мутаассифона, як қатор муассисаҳои давлатӣ бо шумули Агентии ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли ва муҳоҷират, ки мебосит ҷавононро ба қайд мегирифтанду бо онҳо кор мекарданд, ба таври бояду шояд вазифаҳои дар назадашон гузоштаро иҷро накардаанд. «Барои бартараф кардани ин камбудиҳо мақомоти прокуратураи вилояти Хатлон ба сохтори дахлдор таъинот ирсол намуд», - афзуд Азимов.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста