Маркази исломии Тоҷикистон миёни ҳофизони Қуръони кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил озмун созмон медиҳад. Дар ин бора ба islamnews.tj котиби матбуотии Маркази исломӣ Атовулло Қосимов хабар дод.
Ба гуфтаи вай, озмун рӯзҳои 5-6-уми июли соли равон дар шаҳри Душанбе доир мегардад. «Аз ҳар кадоме аз кишварҳо мо се нафар қориёни беҳтарини Қуръонро интизорем ва аллакай 11 кишвар иштирок дар озмунро тасдиқ карданд. Ҳарчанд Белорус аз иштирок дар озмун даст кашида бошад ҳам, ҳофизони Қуръон аз ҷумҳуриҳои Русия – Чеченистон, Доғистон ва Тотористон ба Душанбе хоҳанд омад», - гуфт ӯ.
Қосимов мегӯяд, дар Тоҷикистон озмуни ҳофизони Қуръон бо чунин миқёс бори нахуст гузаронида мешавад. «Айни замон кумитаи тадорукоти озмун масъалаи бо мукофотҳо сарфароз гардонидани ғолибони озмунро мавриди ҳаллу фасл қарор дорад», - иброз дошт номбурда.
Қобили зикр аст, ки соли гузашта навраси тоҷикистонӣ Сиратуллоҳ Абдухолиқ дар озмуни ҳофизони Қуръон дар шаҳри Маскави Русия миёни намояндагони 30 кишвари дунё ғолиб дониста шуд.
Ҳамчунин соли гузашта ду нафар намояндагони Тоҷикистон дар озмуни 19-уми байнулмилалӣ дар шаҳри Қоҳираи Миср ба қатори даҳгонаи беҳтарини қориёни Қуръон шомил гардиданд. Дар озмуни мазкур беш аз 100 нафар намояндагони кишварҳои Осиёву Африқо ва Аврупо ширкат варзида буданд.
Ғайр аз ин, соли 2011 қориёни Қуръони аз Тоҷикистон дар озмуни 26-уми байнулмилалии ҳофизони Қуръон дар шаҳри Теҳрони Ҷумҳурии Исломии Эрон иштирок карданд. Дар ин озмун қориёни Қуръони синнусоли аз 18 то 40-сола аз 40 кишвари мусулмонӣ ширкат доштанд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста