Чор тарабхонаи шаҳри Душанбе аз ҳисоби худ барои тӯйи 60 ҷуфти навхонадорон аз оилаҳои камбизоат мизи тӯйӣ меороянд. Ин маросимҳои ақди никоҳи навхонадоронро мақомоти шаҳрдории пойтахт ба муносибати 15-умин солгарди ҷашни Рӯзи ваҳдати миллӣ доир месозад.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» котиби матбуотии раиси пойтахт Шавкат Саидов хабар дод, ин ташаббус аз сӯйи моликони тарабхонаҳои «Роҳат», «Яккачинор», «Қанд» ва қахвахонаи «Москва» пеш гирифта шуда, дар ҳар яке аз ин тарбахонаҳот барои 15 ҷуфти навхонадорон ва хешовандони онҳо мизҳои тӯйӣ ороста мешаванд.
Ёдрас мекунем, ки ахири моҳи май раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев аз ибтикори як қатор корхонаву мауссисаҳои шаҳрӣ доир ба баргузор намудани маросими ақди никоҳи 60 ҷуфти навхонадорон аз оилаҳои камбизоатро дастгирӣ намуд.
Ба иттилои манбаъ, бо ин мақсад БДА «Амонатбонк», Раёсати Кумитаи андоз ва гумруки пойтахт, ҶСК «Тоҷиксемент», ҶДММ «Вавилон Мобайл», ҶСП «Индиго Тоҷикистон», ҶДММ «Тоҷикмебел», меҳмонхонаҳои «Тоҷикистон», «Серена», бозорҳои «Султони Кабир» ва «Сафариён» ҳар кадоме 41 ҳазор сомонӣ ҷудо карда, маблағи умумии хайрия 451 ҳазор сомонӣ (ҳудуди 93 ҳазор $)-ро ташкил додааст.
Зикр гардид, ки маросими ақди никоҳ навхонадорон дар маркази тиҷоратии «Душанбе-Плаза» доир гардида, дар он ба навхонадорон ҳамчунин туҳфаҳои мақомоти шаҳрдорӣ ва сарпарастон тақдим карда мешаванд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста