Чанде қабл дар бинои Кумитаи кор бо дини назди ҳукумат вохӯрии сеҷонибаи роҳбарони Хадамоти муҳоҷират, Кумитаи кор бо дин ва Маркази исломии Тоҷикистон доир гардид.
Тавре аз Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷирати ҷумҳурӣ хабар доданд, зимни мулоқот Саидмукаррами Абдуқодирзода, раиси Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳор намудааст, ки ҳангоми дар муҳоҷират будан муҳоҷирони меҳнатии тоҷик бояд қоидаҳои шариати исломиро риоя намуда, аз ҳамсару фарзандонашон фаромӯш накунанд ва ҳамеша бо онҳо дар тамос буда, таъмин молиявии оиларо ба уҳда дошта бошанд.
Ба иттилои манбаъ, дар вохӯрии мазкур тамоми паҳлӯҳои муҳоҷирати меҳнатӣ, аз қабили омодагии пеш аз сафар, тайёрии касбомӯзии муҳоҷирони меҳнатӣ, забономӯзӣ, донистани тамаддуну фарҳанги давлати будубош ва риояи қонуну қоидаҳои давлати бо кор таъминкунанда матраҳ шуданд.
«Дар охир иштирокчиён ба чунин хулоса расиданд, ки барои беҳтар шудани кор дар масоили муҳоҷират ва бурдани корҳои фаҳмондадиҳиву иттилоотӣ байни омма бояд байни Хадамоти муҳоҷират, Кумитаи кор бо дин ва Маркази исломии ҷумҳурӣ Созишномаи сеҷониба ба имзо расад», - гуфт манбаъ.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста