Дар Тоҷикистон ният доранд, ки яке аз қуллаҳои беноми Помир бо баландии 5600 метрро «Қуллаи 20-солагии иҷлосияи XVI-уми Шӯрои олии Тоҷикистон» номгузорӣ кунанд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Ассотсиатсияи индустрияи сайёҳӣ (ADTI) хабар доданд, дар робита ба номгузории қулла аз 22-юми июл то 22-юми август экспедитсияи байнулмилалии кӯҳнавардӣ ба ин қулла доир мегардад.
Аммо то ҳол дар бораи ба қулла гузоштани номи «Қуллаи 20-солагии иҷлосияи XVI-уми Шӯрои олии Тоҷикистон» қарори ҳукумат қабул нашудааст. Интизор меравад, ки ин қарор дар арафаи оғози экспедитсия қабул гардад.
«Қарори ҳукумати ҷумҳурӣ дар бораи номгузории қулла бо вазорату идораҳои дахлдор мувофиқа шуда, рӯзҳои наздик ба баррасии ҳукумат пешниҳод мегардад. Бо қабули қарор мо ба экспедитсия ба ин қулла раҳсипор мешавем», - гуфт манбаъ.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста