Роҳбари ташкилоти ғайридавлатии «Зан ва замин»-и Тоҷикистон Муҳаббат Мадалиева барои ташаббусҳо дар бахши экология ва рушди маҳалҳо ба мукофоти Барномаи рушлди СММ «Экватор» сазовор гардид.
Бино ба маълумоти радиои СММ, М.Мадалиева аз минтақаи Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ нахустин ғолиб дониста шудааст.
Ҳамчунин 25 нафар фаъолон ва ташкилотҳое, ки ба масоили ҳифзи табиат дар сатҳи хонаводаҳо машғуланд, низ бо муофотҳо қадрдонӣ шудаанд. Соли равон дар озмун 800 нафар довталабон аз 113 кишвари ҷаҳон иштирок карданд. Маросими тақдми мукофотҳо дар чаҳорчӯби ҳамоиш дар Рио-де-Жанейро бо дастгирии Барномаи СММ оид ба муҳити зист ва Барномаи рушди СММ баргузор гардид.
«Мо бо заноне, ки бо замин сарукор доранд, фаъолият дорем. Фаъолияти мо ба таъмини амнияти ғизойӣ ва коҳиши сатҳи камбизоатӣ дар ҷумҳурӣ равона шудааст. Мо асосан ба беҳтар нигоҳ доштани навъҳои гаронбаҳои меваҳо такя мекунем. Занони мо генофонди гуногунии агробиологии маҳалро нигоҳ медоранд», - изҳор доштааст дар мусоҳиба ба радиои СММ роҳбари ташкилоти ғайридавлатии Тоҷикистон.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста