Чанде қабл зимни мулоқоти сардори Хадамоти муҳоҷирати назди ҳукумати ҶТ Сафиалло Девонаев бо сардори Раёсати Хадамоти федералии муҳоҷирати Русия дар вилояти Маскав Олег Молодиевский ва сардори шӯъбаи раёсати мазкур дар фурудгоҳи «Домодедово»-и вилояти Маскав Владимир Балашов масоили мусоидат ба муҳоҷирони кории тоҷик дар расмиёти қонунигардонии будубош ва гирифтани иҷозат ба кор баррасӣ шуданд .
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷирати назди ҳукумати ҶТ хабар доданд, дар ҷараёни мулоқот Олег Молодиевский изҳор кардааст, ки айни замон дар мақомоти муҳоҷирати вилояти Маскав беш аз 180 ҳазор нафар шаҳрвандони тоҷик ба қайд гирифта шудаанд.
«Дар зарфи 5 моҳи соли равон дар қаламрави вилояти Маскав ҳудуди 18,5 ҳазор нафар шаҳрвандони Тоҷикистон барои кор патент гирифтанд, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта 31% зиёдтар аст. Ғайр аз ин, барои кор беш аз 18 ҳазор иҷозатнома дода шуд, ки нисбат ба соли гузашта 15,4% бештар аст», - гуфт ӯ.
Ба иттилои манбаъ, Молодиевский зарурати мусоидат ба муҳоҷирони кории тоҷик дар масъалаи расмиёти гирифтани аснод барои кор дар Русияро таъкид кардааст. «Бо ин мақсад пеш аз сафар ба Русия миёни муҳоҷирон баргузор намудани корҳои шарҳу тавзеҳи ҳуқуқҳои онҳо дар кишвари бегона ва қонунгузории он кишвар мувофиқи мақсад аст», - изҳор доштааст ӯ.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста