Чанде қабл дар Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе бо дарназардошти омодагиҳо ба татбиқи Нақшаи генералӣ дар қисмати марказии шаҳр мулоқоти Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев бо соҳибмулкони 160 квартираҳои дар 15 биноҳои истиқоматии душоёнаи дар хиёбони Рӯдакӣ ҷойгирбуда баргузор гардид.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» котиби матбуотии раиси шаҳри Душанбе Шавкат Саидов хабар дод, зимни мулоқот Маҳмадсаид Убайдуллоев аз ҳамовозии сокинон дар татбики Нақшаи генералӣ изҳори сипосмандӣ намуда, афзуд, ки дар марҳилаи кунунӣ мувофиқ ба нақшаи омодагиҳо ба ҷашни 90-солагии шаҳри Душанбе ҳамчун пойтахти мамлакат, ки азнавсозии қисмати марказии шаҳр пешбинӣ гардидааст, ташаббуси ҶДММ «Эъмор»-ро бобати дар заминаи биноҳои дуошёнаи мавҷуда бо риояи ҳуқуқу манфиатҳои соҳибмулкон бунёд намудани 20 бинои хонаҳои истиқоматии 7-9 ошёнаи замонавии дорои марказҳои савдо ва таваққуфгоҳҳои зеризаминиро дастгирӣ намуд.
«Дар ин зимн раиси пойтахт таъкид кард, ки ба ҳар як соҳибмулк вобаста ба хоҳишашон квартираҳои баробарарзиши замонавӣ дар биноҳои истиқоматии бунёдшаванда таъмин карда шуда, дар сурати талаб доштани арзиши бозории квартираҳо тибқи муқаррароти қонунгузории кишвар ва мувофиқаи тарафҳо аз ҳисоби фармоишгар маблағҳо пардохт карда мешаванд», - гуфт ӯ.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста