Имрӯз дар минтақаи шимоли ҷумҳурӣ ҷашни 15-умин солгарди Рӯзи ваҳдати миллиро таҷлил мекунанд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Раёсати фарҳанги ҳукумати вилояти Суғд хабар доданд, чорабинии асосии ҷашнӣ шоми имрӯз соати 19:00 дар майдони ба номи Исмоили Сомонии шаҳри Хуҷанд доир мегардад. Дар ин чорабинӣ ҳунарпешагони шинохтаи эстрадаи вилоят ва гурӯҳҳои рақсии «Маҳастӣ» ва «Чаманоро» ширкат меварзанд.
Қабл аз ин соати 15:00 дар боғи «Наврӯзгоҳ»-и маркази маъмурии вилояти Суғд бо иштироки ҳайатҳои тамоми шаҳру навоҳии вилоят консерти идона баргузор мешавад.
Дар ҳамин ҳол, дар шаҳри Конибодоми вилояти Суғд баргузории чорабиниҳои ҷашнӣ шоми рӯзи 27-уми июн дар назар аст. Дар яке аз майдонҳои асосии ин шаҳр бо иштироки ҳунарпешагони шаҳри Душанбе таҳти сарварии овозхони шинохта Сироҷиддин Фозилов консерт доир мегардад.
Ҳамчунин дар Боғи фарҳангу фароғати шаҳр ва ҳамаи 6 ҷамоатҳои деҳот сайругаштаи оммавии сокинон доир гардида, ба оилаҳои иштирокчиёни фавтидаи ҳифзи сохти конститутсионӣ дар ҷумҳурӣ бо маҳсулоти ғизойӣ кӯмак расонида мешавад. Барои сарбозони қисмҳои низомӣ мизҳои идона ороста мешаванд.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста