Кумитаи байнулмилалии Салиби Сурх (КБСС) дар ҳамдастӣ бо Вазорати тандурустӣ барои 37 нафар ҷарроҳони амалкунандаи бемористонҳои тамоми манотиқи кишвар ва вазорату идораҳои Тоҷикистон дар бораи тарзи кор зимни ба амал омадани ҳолатҳои фавқулода ва кӯмаки тиббӣ ҳангоми ҷароҳат бардоштан аз минаҳо ва силоҳҳои натаркида семинари серӯза доир месозад .
Семинар аз ҷониби ҷарроҳони КБСС, ки аз таҷрибаи кории 25-сола дар ин соҳа бархӯрдоранд, гузаронида мешавад. «Ҷарроҳон барои кор дар ҳама гуна ҳолатҳои фавқулода бояд ҳамеша омода буда, бо методикаи санҷида, ки ба наҷоти одамон кӯмак расонида, муҳлати таъсири оқибатҳои ҷароҳатҳоро коҳиш медиҳанд, шинос бошанд», - изҳор дошт яке аз ҷарроҳони КБСС Валерий Сасин.
Номбурда мегӯяд, Кумита дар масъалаи муолиҷаи захмҳои гирифта зимни ҳолатҳои фавқулода аз таҷрибаи ғанӣ бархӯрдор буда, кӯшиш дорад, ки аз ин таҷриба табибони саросари ҷаҳон бархӯрдор бошанд.
Дар семинари соли гузашта 50 нафар ҷарроҳони вазорату идораҳои гуногуни кишар иштирок карда буданд. Дар кори семинари соли равон 3 нафар ҷарроҳони Қазоқистон низ ширкат меварзанд.
Ёдовар мешавем, ки Кумитаи байнулмилалии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар фаъолияти худро дар Тоҷикистон аз соли 1992 оғоз намуда, тӯли ин муддат дар бисёр чорабиниҳои кӯмаку дастгирии аҳолии осебдида аз офатҳои табиӣ ва ҷангу даргириҳо саҳми босазо гузоштааст.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста