Зойирини Хонаи Худо аз ноҳияи Мӯъминобод ба суратҳисоби махсуси бартараф намудани оқибати офатҳои табиӣ дар даҳҳо маҳаллаҳои аҳолинишин ба сурати умум 8 ҳазор сомонӣ маблағ ворид карданд.
Тавре ба islamnews.tj раиси ноҳияи Мӯъминобод Пирмад Зарифов хабар дод, як гурӯҳи ҳоҷиёни оянда ба ҳукумати ноҳия муроҷиат карда, изҳор доштаанд, ки сафари худ ба макони муқаддаси Исломро аз кори хайрия, яъне кӯмак ба ниёзмандон оғоз карданианд.
«Бартараф кардани оқибати офатҳои табиӣ аз масъалаҳои муҳимтарину рӯзмарра дар дар ноҳия ба шумор рафта, камбуди маводи сӯзишворӣ ба пешравии корҳо дар ин самт, аз ҷумла таъмиру барқарор кардани роҳҳову пулҳо монеа эҷод месозад», - гуфт ӯ.
Ба қавли Зарифов, ин иқдоми ҳоҷиёни оянда ҳукуматро ба кушодани суратҳисоби махсус дар бонк водор сохтааст ва маблағҳои хайрияи он алҳол танҳо барои харидани маводи сӯзишворӣ истифода бурда мешаванд.
«Ҳукумати ноҳия низ ба ин суратҳисоб 20 ҳазор сомонӣ маблағ гузаронида, воридшавии маблағҳо аз корхонаву ташкилот, шахсони алоҳида, аз ҷумла зойирин низ идома дорад», - афзуд номбурда.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста