Дар маҷлиси васеи Мақомоти шаҳрдории Душанбе раиси пойтахт Маҳмадсаид Убайдуллоев тағйири реҷаи кори муассисаҳои фароғату истироҳатро пешниҳод кард.
Тибқи пешниҳоди раиси шаҳр, ки ба унвони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе ҷиҳати баррасӣ ирсол мегардад, ба Қоидаҳои тариботи ҷамиятӣ ва санитария дар пойтахт тағйирот ворид карда мешаванд.
Ҳамин тариқ мувофиқи таклиф, реҷаи кори муассисаҳои фароғатӣ, субъектҳои фарҳангӣ ва хизматгузории шаҳр дар мавсими тирамоҳу зимистон чун пештара – то соати 23:00 боқӣ монда мешаванд.
«Дар мавсими баҳору тобистон бошад, реҷаи кори онҳо то соати 24:00 дароз карда шуда, агар ин иншоот дар наздикии хонаҳои истиқоматӣ воқеъ набошанд, метавонанд то соати яки шаб фаъолият кунанд», - гуфт манбаъ.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста