Чанде қабл низоми обтаъминкунии деҳаи Кадучии ноҳияи Восеи вилояти Хатлон, ки пурра фарогири 12 ҳазор нафар аҳолӣ аст, ба истифода дода шуд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» раиси ноҳияи Восеъ Султон Валиев хабар дод, яке аз маҳаллаҳои аҳолинишини бузургтарини ноҳия тӯли солҳои зиёд аз таъминот бо оби нӯшокӣ танқисӣ мекашид ва буҷети ночизи ноҳия имкон намедод, ки ин камбудӣ бартараф гардад.
Ба гуфтаи С.Валиев, ба туфайли дастгирии соҳибкорони маҳаллӣ – Файзалӣ Абдураҳмонов, Давлат Шарбатов ва Шералӣ Табаров 2 чоҳи чуқуриаш то 150 метр кофта шуда, зарфҳои ғунҷоишаш то 50 тонна гузошта шуданд.
«Ба тамоми кӯчаҳои деҳа қубурҳо гузаронида шуда, натанҳо аҳолӣ, балки 3 мактаб, интернат, беморхона ва 3 масҷид низ бо оби нӯшокӣ таъмин гардиданд», - афзуд раиси ноҳия.
Дар ҳамин ҳол, чанде қабл бо дастгирии молиявии Бунёди Оғохон беш аз 3 ҳазор нафар аҳолии деҳаҳои Ҷонбахт ва Дараи Мухтори ноҳияи Ховалинг низ бо оби нӯшокӣ таъмин карда шуданд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста