Дар бинои Раёсати БДА–и Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ дар чаҳорчӯби чорабинии ҷашнӣ бахшида ба 76-умин солгарди таъсисёбии БДА маросими ҷамъбасти озмуни ҷумҳуриявии «Роҳи бехатар-2012» миёни журналистон доир гардид. Озмуни мазкур аввали соли равон аз ҷониби Иттиҳоди журналистони Тоҷикистон дар ҳамдастӣ бо Раёсати БДА эълон шуда буд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» котиби Иттиҳоди журналистони Тоҷикистон Пӯлод Нуров хабар дод, бо қарори ҳакамон дар номинатсияи «Инъикоси беҳтарини фаъолияти РБДА ВКД ҶТ оид ба таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳ» хабарнигори рӯзномаи «Ҷумҳурият» Додоҷон Рӯзиев, дар номинатсияи «Инъикоси беҳтарини мавзӯи садамаҳои нақлиёт миёни наврасону кӯдакон» журналисти мустақил Ҳотами Ҳомид, дар номинатсияи «Беҳтарин силсилаи мавод оид ба таблиғи қоидаҳои ҳаракат дар роҳ» корманди маркази матбуоти РБДА Аҳмадулло Нарзиқулов, дар номинатсияи «Маводи беҳтарин дар бораи корманди БДА» хабарнигори ҳафтавори «Вечерний Душанбе» Ҷамила Ҳусейнова, дар номинатсияи «Маводи беҳтарини радиоӣ» муҳаррири барномаҳои радиои «Ватан» Субҳони Ҷалил, дар номинатсияи «Маводи беҳтарини таҳлилии телевизионӣ» муҳаррири барномаҳои телевизиони давлатии «Сафина» Таҳмина Ҳасанова ва дар номинатсияи «Инъикоси беҳтарини мавзӯи муносибат миёни ронанда, роҳгузар ва корманди БДА» муҳаррири барномаҳои телевизиони «Шабакаи аввал» Абдулло Муҳаммадиев ғолиб дониста шуданд.
Ба гуфтаи Нуров, ҷалби васоити ахбори умум ба раванди ташакккули фазои иттилоотии мусоид барои амалисозии барномаи давлатии такмили чорабиниҳо оид ба таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳ ва тақвияти фаъолияти муштараки воҳидҳои БДА бо ВАО-и марказӣ ва минтақавӣ аз ҷумла ҳадафҳои аслии озмун маҳсуб меёбанд.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста