Ба туфайли дастгирии ширкати русиягии «Gazprom international» ба ташкили экспедитсияи геологӣ бо сафар ба кӯли Сарез имкон пайдо шуд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз хадамоти матбуоти Саридораи геологияи ҷумҳурӣ хабар доданд, ба ҳайати экспедитсия мутахассисони дастгоҳи марказӣ, экспедитсияи ҷанубии гидрогеологӣ ва гидрофизикӣ ва ҷустуҷӯйии ин идора, геологҳои «Gazprom international», мутахассиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании ҷумҳурӣ ва сардори шуъбаи экологияи Дастгоҳи иҷроияи сарвари давлат шомил шудаанд.
Ба иттилои манбаъ, шиносоӣ бо вазъи гидрогеологӣ, муҳандисӣ ва геологӣ дар кӯл, коркард ва таҳлили ҳисоботҳои мавҷудаи таҳқиқоти кӯл аз ҷумлаи ҳадафҳои асосии экспедитсия аст. «Дар заминаи натиҷаҳои бадастомада оид ба иштироки бештар фаъоли Саридораи геологияи ҷумҳурӣ дар кори таҳқиқоти геологии кӯли Сарез қарор қабул карда мешавад», - гуфт манбаъ.
Ёдрас мекунем, ки рӯзи 18 феврали соли 1911 дар яке аз деҳаҳои вилояти Бадахшони Тоҷикистон заминларзае ба қудрати 9 дараҷаи рихтер ба вукуъ пайваст, ки ба асари он маҷрои дарёчаи куҳӣ баста шуда, дар маҳалли ҳодиса деҳае бо номи Сарез комилан аз байн рафт ва аз ҳамон лаҳза кӯле бо номи "Сарез" шаклгирии худро оғоз кард.
Дар айни ҳол, яъне бо гузашти беш аз 100 сол аз ташкили обанбори табиӣ, тӯли кӯл ба бештар аз 70 километр ва чуқурии он ба 500 метр расидааст. Ҳаҷми оби ҷамъшуда 17 млрд. метри кубӣ баровард шудааст. Ин кӯл дар баландии 3 хазор метр аз сатҳи оби баҳр ҷойгир шудааст.
«Кӯли Сарез иншооти нодирест, ки мунтазам назорати геологӣ, омӯзиш ва таҳлили вазъи минтақаи кӯлро тақозо мекунад ва дар робита ба ин, ташкили чунин экпедитсия аз ҷониби Саридораи геология амри мантиқӣ аст», - гуфтанд дар Саридораи геологияи ҷумҳурӣ.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста