Зимни нишасти хабарӣ вазири маорифи ҷумҳурӣ Нуриддин Саидов иттилоъ дод, ки муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо ба макотиби олии кишвар то 10-уми август дароз карда шуд.
Ба гуфтаи ӯ, бинобар сабаби ба таъхир афтодани додани шаҳодатномаҳо (аттестат) ба хатмкардагони макотиби таҳсилоти умумӣ чунин қарор қабул шудааст. «Ҳамчунин муҳлати қабули ҳуҷҷатҳои довталабон ба омӯзишгоҳҳои касбӣ-техникӣ низ то 20-уми август дароз гардид», - гуфт вай.
Н.Саидов изҳор кард, ки айни замон шаҳодатнома дар бораи хатми таҳсил ба ҳамаи 88 ҳазор нафар хатмкардагони макотиби таҳсилоти умумӣ дастрас гардида, то 11-уми июл тамоми хатмкардагони синфи 9-ум низ бо шаҳодатномаҳо таъмин карда мешаванд.
Дар робита ба масъалаи ба таъхир афтодани пешниҳоди шаҳодатномаҳо ба хатмкардагони макотиби таҳсилоти умумӣ, вазири маориф гуфт, ин ба иллати дар аттестатҳо ошкор шудани ноқисиҳо ва норасоиҳои техникӣ ба амал омад.
«Маҷмааи табъу нашри «Шарқи озод», ки ҳуқуқи истисноии нашри шаҳодатномаҳо дар бораи хатми таҳсилро доро аст, зимни ба чоп расонидани онҳо ба иштибоҳ роҳ дод ва мо маҷбур шудем, ки тақрибан 70 ҳазор варақаҳои шаҳодатномаҳоро ба нашриёт бозпас баргардонем», - гуфт ӯ.
Вазири маориф хотирнишон сохт, ки соли гузашта ҳодисаи ғайриқонунӣ додани қариб 2 ҳазор адад шаҳодатнома дар бораи хатми таҳсил ошкор шуда буд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста