Вазири тандурустии ҷумҳурӣ Нусратулло Салимов бар ин назар аст, ки Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон поктарин мактаби олии кишвар аз ришваву фасод аст.
«Донишгоҳи тиббӣ дар муқоиса бо макотиби олии дигар дар сатҳи муътадилтаре қарор дорад ва инро дар ҷомеа ҳам эҳсос меунанд», - гуфт Н.Салимов зимни нишасти хабарӣ.
Ба гуфтаи ӯ, дар ин донишгоҳ имтиҳонҳои қабул ба таври мутамарказ тавассути тестӣ аз ҷониби 3-4 нафар гузаронида мешаванд ва ин омил ба пешгирии коррупсия мусоидат мекунад.
«Имрӯз маблағ ба ивази кӯмак барои дохилшавӣ ба макотиби олиро аслан миёнаравҳо мегиранд ва он ҳам аз довталабоне, ки эҳтимоли бо дониши худ қабул шуданашон 70-80%-ро ташкил медиҳад, - изҳор дошт ӯ. – Ҳамин тариқ, ин довталабон бо дониши худ ба макотиби олӣ қабул шуда, ҳатто пай намебаранд, ки миёнарав муфт ба пули онҳо соҳиб шудааст».




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста