Зимни мулоқоти мақомоти раҳбарии Хадамоти муҳоҷирати назди ҳукумати ҶТ бо роҳбари намояндагии Бонки ҷаҳонӣ дар Душанбе Марша Олив масоили ҳамкорӣ дар соҳаи танзими раванди муҳоҷирати корӣ ва ҳалли масъалаи таъсиси марказҳои омодасозии муҳоҷирон пеш аз сафар мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Тавре аз маркази матбуоти Хадлдамоти муҳоҷират хабар доданд, М.Олив изҳор кардааст, ки Бонки ҷаҳонӣ ба мусоидат дар ҳалли омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони корӣ ва танзими мушкилоти муҳоҷират дар Тоҷикистон омода аст. «Масъалаи таъсиси марказҳои омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони корӣ бояд дақиқан ва ҳамаҷониба мавриди омӯзиш қарор гирад», - гуфтааст ӯ.
Мақомоти раҳбарии Хадамоти муҳоҷират ба намояндагии Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон барои мусоидат ба ҳалли мушкилоти муҳоҷирати меҳнатӣ ва кӯмаки ҳамаҷониба дар танзими он изҳори миннатдорӣ намуд.
Дар мулоқот ҷонибҳо ҳамчунин атрофи масъалаи зарурати рушди заминаи илмии муҳоҷират дар Тоҷикистон ва дигар лоиҳаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн табодули афкор намуданд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста