Чанде қабл дар машварати кории мақомоти шаҳрдории пойтахт таҳти раёсати раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев масъалаи амалисозии қарор «Дар бораи таъмини тадбирҳои амалии пешгирии болоравии нархи маҳсулоти ниёзи аввалия дар моҳи шарифи Рамазон дар шаҳри Душанбе» баррасӣ шуд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» котиби матбуотии раиси шаҳри Душанбе Шавкат Саидов иттилоъ дод, дар ин зимн раиси пойтахт қабл аз ҳама ба кулли шахсони воқеию ҳуқуқие, ки дар татбиқи Қарори мазкур бо ҳисси масъулият ва ташаббуси шахсӣ муносибат намуданд, аз номи Роҳбарияти шаҳр изҳори сипосмандӣ намуда, соҳибкорону тоҷирон ва директорони бозорҳои коммуналию хусусиеро, ки баҳри ғановати дастурхони сокинон ба фурӯшгузории маҳсулоти зикргардидаро аз рӯи нархҳои муайянгардида таъмин накарданд, мавриди интиқод қарор дод.
«Дар робита ба таъминоти ғановати бозори истеъмолӣ ва воридоти миқдори зарурии 12 намуди маҳсулоти мавриди таваҷҷӯҳ дар шаҳри Душанбе, илова ба тадбирҳои андешидашуда муқаррар гардид, ки масъалаи назорат, ташкили воридот ва аз рӯи нархҳои муайянгардида ба фурӯшгузории орди навъи «Шамалған»-и истеҳсоли Қазоқистон ба зиммаи Раёсати гумруки шаҳри Душанбе, гӯшт ва тухм - ба Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия оид ба шаҳри Душанбе, картошка, сабзӣ ва пиёз – ба Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе, равғани растанӣ, биринҷ ва шакар – ба Прокуратураи шаҳри Душанбе ва шир ба зиммаи вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе Н. Комилов вогузор гардад», - гуфт ӯ.
Ёдрас мекунем, ки мутобиқи қарори раиси пойтахт, ба тоҷирон тавсия дода шудааст, ки дар моҳи Рамазон як кг гӯшти говро 29, гӯшти говмешро 19, гӯшти гӯсфандро 30, як халта орди навъи «Шамалған»-и истеҳсоли Қазоқистонро то 110, 1 л. равғани растаниро то 8, як кг биринҷи ватаниро то 7, як кг шакарро то 5, 1 л. ширро то 3, як кг картошкаро то 2, як кг сабзиро то 2,2, як кг пиёзро то 1,1 ва 1 дона тухмро то 0,6 сомонӣ ба фурӯш бароранд.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста