Ахири ҳафтаи гузашта дар километри 20-уми роҳи мошингарди Ленинск-Кузнетск-Новокузнетски вилояти Кемерови Русия садамаи нақлиёт рух дода, бар асари он сокини 38-солаи ноҳияи Ҳисор, шаҳрванди Тоҷикистон Нурулло Ҳайдаров ба ҳалокат расид.
Тавре аз намояндагии Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон дар Русия хабар доданд, фавтида дар вилояти Кемерово муваққатан ба сифати ронандаи воситаҳои нақлиёти бузургҳаҷм кор мекардааст.
Ба иттилои манбаъ, аз ҷониби намояндагии Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон дар Русия бобати саривақт ба ватан интиқол додани ҷасади Нурулло Ҳайдаров тадбирҳои зарурӣ андешида шуданд.
«Ҳамчунин аввали моҳи август бо мусоидати намояндагӣ ҷасади шаҳрванди Тоҷикистон, зодаи ноҳияи Рӯдакӣ Абдусаттор Каримови 54-сола низ ба ватан интиқол дода шуд. Ӯ муддати мадиде бо бемории вазнин дар муассисаи тиббии шахри Кемерово бистарӣ буд», - гуфт манбаъ.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста