Муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Вилояти Мухтори Яҳудиёни Русия (Еврейская автономная область) кору зиндагӣ ихтиёр мекунанд. Ба ин минтақа онҳо тавассути барномаи давлатии муҳоҷират омадаанд, - иттилоъ медиҳад хабаргузории РИА ЕАОmedia бо истинод ба маълумоти хадамоти муҳоҷирати ин вилоят.
Чанде қабл кормандони хадамоти муҳоҷирати пойтахти ин вилоят – шаҳри Биробидҷон бо вазъи зиндагии муҳоҷироне, ки тибқи барномаи зикршуда аз Тоҷикистон омадаанду дар ноҳияи Ленин зиндагӣ мекунанд, шинос шуданд.
Оилаи Раҳматуллоевҳо дар ҳайати панҷ нафар ин ҷо омадаанд. Саробони оила бо ихтисоси худ – омӯзгори забони англисӣ дар мактаб ба кор қабул шуд. Ҳамсари ӯ аз рӯи ихтисос табиби кӯдакон буда, пас аз машғулиятҳо дар курсҳои такмили ихтисос ва соҳиби гувоҳнома гардидан ба кор қабул хоҳад шуд. Мактаб онҳоро бо манзили дуҳуҷрагии барҳаво ва дорои тамоми шароит таъмин намуд.
Табиби тоҷик Шамсиддин Холназаров низ итбқи барномаи муҳоҷират ба ин ноҳия омадааст. Ӯ санҷиши дубораи сатҳи касбӣ дар Маскавро муваффақона гузашта, пеш аз муҳлат курсҳои такмили ихтисос дар Хабаровскро хатм ва ба гувоҳномаи табиби муолиҷаи умумӣ соҳиб шуд. Ояндаи наздик ӯ дар деҳаи Биҷани ноҳияи Ленин бо кор таъмин мегардад.
Бино ба маъллумоти хабаргузории РИА ЕАОmedia, вилояти зикршуда ба муҳоҷирони дорои маълумотҳои касбҳои омӯзгорӣ ва табибӣ бештар эҳтиёҷ дорад. Ин гуна мутахассисон бо манзилҳои хидматӣ таъмин карда мешаванд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста