Пахши барномаҳои шабакаи телевизионии «Симои мустақили Тоҷикистон» (СМТ) ба басомади дигар гузаронида шуд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» муассис ва директори шабакаи телевизионии СМТ Зинатулло Исмоилов хабар дод, тайи ду соли ахир шабакаи СМТ ба тамошогарон барномаҳои худро ба таври бояду шояд пешкаш карда наметавонист, зеро дар басомади пахши барномаҳои шабакаи СМТ ҳамчунин шабакаи телевизионии «РТР-Планета» низ ҷойгир шуда буд. «Ин ба он оварда расонид, ки мардум ҳеҷ кадоме аз ин шабакаҳоро тамошо карда наметавонистанд», - гуфт вай.
З.Исмоилов зикр кард, ки чанд рӯз қабл аз ҷониби Кумитаи телевизиону радио ва Хадамоти алоқаи назди ҳукумати ҷумҳурӣ барои пахши барномаҳои шабакаи СМТ басомади нав ҷудо гардид.
«Акнун барномаҳои шабакаи телевизиони моро бидуни мамониат метавон ҳамарӯза аз соати 08.00 то соати 14.00 ва аз соати 18.00 то 23.00 дар шаҳри Душанбе, ноҳияҳои Рӯдакӣ, Варзоб, Ваҳдат, Ҳисор, Шаҳринав, Ёвон ва Файзобод бемалол тамошо намуд», - афзуд З.Исмоилов.
Ёдрас мекунем, ки шабакаи телевизионии «Симои мустақили Тоҷикистон» аз соли 2007 ба пахши барномаҳо шурӯъ карда буд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста