Дар Олимпиадаи байнулмилалӣ аз фанни химия дар шаҳри Вашингтон миёни толибилмони мактабҳои таҳсилоти умумӣ дастпарвари литсей-интернати муштараки тоҷикию туркии Ҳоҷӣ Камоли шаҳри Душанбе Улуғбек Баротов ба гирифтани медали тило ноил гардид.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» муовини директори муассисаи таълимии мазкур Юсуф Балкаш хабар дод, тӯли 20-соли истиқлолияти ҷумҳурӣ ин ягона ва нахустин медали тилоест, ки толибилмони тоҷик дар олимпиадаҳои чунин сатҳи байнулмилалӣ ба даст овардаанд.
«Дар олимпиада чор нафар толибилмони литсей-интернат ширкат варзида, Улуғбек Баротов ба гирифтани ҷойи 1-ум, Маъруф Болтабоев ва Ҳомидхоҷа Холиқов ба гирифтани ҷойи сеюм муваффақ гардиданд», - гуфт вай.
Дар олимпиада аз 78-мамлакати дунё, аз ҷумла Русия, Амрико, Чин, Олмон, Фаронса, Кореяи ҷанубӣ ва Эрону Ҳиндустон, инчунин як қатор кишварҳои дигар 283-хонанда иштирок доштанд.
«Чунин комёбӣ ба зудиву осонӣ ба даст намеояд. Мо бо толибилмонамон муддати тамоми сол ба ин гуна олимпиадаҳо омодагӣ мегирем. Ҳарчанд давраи таътил бошад ҳам, айни замон дар литсей 20 нафар хонандагон ба олимпиадаҳои соли оянда тайёрӣ мебинанд. Ба ин олимпиада мо Улуғбекро дар тӯли чор сол омода намудем», - зикр кард Ю.Балкаш.
Қобили зикр аст, ки моҳи феврал Улуғбек Баротов дар Олимпиадаи байнулмилалии Менделеев дар Қазоқистон низ бори нахуст дар таърихи Тоҷикистон ба гирифтани медали тило сазовор гардида буд. Дар ин олимпиада намояндагони 18 кишвари ҷаҳон аз ИДМ, Балтика ва Аврупо ширкат варзида буданд.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста