Дар Маркази иттилоотиву машваратии шаҳри Хуҷанд 293 нафар духтарону занон аз оилаҳои камбизоат соҳиби касб шуданд.
Маркази мазкур 8-уми марти соли 2012 дар назди шуъбаи кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд таъсис дода шуд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» директори Маркази мазкур Нигина Аҳмедова хабар дод, дар ин марказ занону духтарон аз оилаҳои камбизоат ба таври ройгон касб меомӯзанд. «Ба онҳо малакаву нозукиҳои касбҳои дӯзандагӣ, гулдӯзӣ, ороиши мӯй ва ғайра омӯзонида шуда, ҳамчунин занону духтарон забони англисиву форсӣ ва кор бо компютерро азхуд мекунанд», - гуфт вай.
Ба гуфтаи ӯ, музди меҳнати омӯзгорони марказ дар ҳаҷми 400 сомонӣ аз ҳисоби шахсии раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода пардохта мешавад.
«Дар назди Маркази иттилоотиву машваратӣ ҳамчунин ҳуқуқшинос фаъолият дошта, ба занону духтарон дар ҳалли масоили ҳифзи ҳуқуқ ройгон кӯмак мерасонад», - иброз дошт номбурда.
Нигина Аҳмедова ҳамчунин афзуд, ба ин монанд марказҳо дар тамоми шаҳру навоҳии вилоят таъсис дода шудаанд.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста