Дар яке аз бозорҳои марказии ҷамоати сераҳолии Даҳанаи ноҳияи Кӯлоб ба муносибати моҳи шарифи Рамазон «Ҳафтаи нархҳои арзон» эълон шуд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» директори бозори мазкур Меҳриддин Сироҷов хабар дод, дар пешгирии ин иқдом аз ҷониби ҳукуматдорон ҳеҷ супорише нашуда, пас аз намози ҷумъа ибодаткунандагони масҷид чунин тасмим гирифтаанд. «Аксари ибодаткунандагони масҷиди маҳаллӣ дар хоҷагиҳои деҳқонӣ ба фаъолият машғул буда, дар таъмини бозор бо маҳсулоти кишоварзӣ ҳеҷ мушкилоте ба назар намерасад», - гуфт вай.
Ба гуфтаи ӯ, давоми ҳафта дар ин бозор қимати гӯшт на зиёдтар аз 27 сомонӣ, биринҷ – 5 сомонӣ, пиёз – 1 сомонӣ, сабзӣ – 2 сомонӣ, помидор – 2 сомонӣ, бодиринг – 1 сомонӣ ва картошка – 1,8 сомонӣ хоҳад буд.
«Ин нархҳо аз нархҳои бозор ба андозаи 20-40% поинтаранд», - зикр кард М.Сироҷов ва илова намуд, ки имрӯзҳо ба бозори Даҳана ҳамчунин сокинони шаҳри Кӯлоб низ бештар рӯ меовардагӣ шудаанд.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста