Маводи Оҷонсии иттилоотии«Азия-Плюс» акнун дар замима барои планшет ва смартфонҳо дастрасанд.
Ба маводи иттилоотии оҷонсӣ метавон тавссути замимаи www.google.com/producer/editions/CAow693TAg/asia_plus обуна шуд. Дар замима тамоми маводи дар сомонаи «Азия-Плюс» - www.news.tj чопшуда, аз ҷумла мақолаву акс ва наворҳои видеоӣ дастрас аст. Иттилоот бо се забон – тоҷикиву русӣ ва англисӣ дастрас мебошад.
Ҳамчунин замима барои он қулай аст, ки қатъи дастрасӣ ба сомона дар дохили Тоҷикистон ба он дахл надорад ва аз ин рӯ, барои истифода аз сомона анонимайзер зарур нест. Версияи русии сомонаро аз инҷо ва версияи англисии сомонаро аз инҷо метавон дастрас нмуд. Ҳарду замимаро метавон комилан ройгон насб кард.
Ёдрас мекунем, ки аз 1-уми август бо супориши Хадамоти алоқаи назди ҳукумати ҶТ дастрасӣ ба сомонаи «Азия-Плюс» дар Тоҷикистон қатъ карда шуд. Корбарони шабакаи Интрнет дар қаламрави Тоҷикистон барои дастрасӣ аз проксисервер ва сайтҳо-анонимайзерҳо истифода мекунанд.
Айни замон идораи ОИ «Азия-Плюс» ҷиҳати аз болои Хадамоти алоқа шикоят бурдан ба суд ҳуҷҷат омода месозад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста