Имрӯз раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев қарори комиссияи қабул оид ба сохтмонро тасдиқ намуда, барои оғози фаъолияти ду ҳаммоми ҷамъиятӣ дар қаламрави пойтахт иҷозат дод.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» котиби матбуотии раиси шаҳри Душанбе Шавкат Саидов хабар дод, як ҳаммоми хусусӣ дар кӯчаи Ф.Муҳаммадиев (микрорайони 82-ум) воқеъ буда, барои қабули 50 нафар дар як вақт пешбинӣ шудааст. «Ин ҳаммом бо харҷи ҳудуди 4 млн. сомонӣ аз ҷониби сокинони пойтахт А.Рауфӣ ва Д.Ҳусейнов бунёд гардид», - гуфт вай.
Ба қавли ӯ, ҳаммоми дигар дар кӯчаи Титов (мавзеи «фурудгоҳи кӯҳна») ҷойгир буда, барои бунёди он аз ҷониби соҳибкор С.Эмомов беш аз 4,5 млн. сомонӣ маблағ масраф гардидааст.
«Ғайр аз ин, бо қарори раиси пойтахт, барои таъмир ва эҳёи бинои бисёрошёнаи №5 дар кӯчаи Адҳамов зиёда аз 1,1 млн. сомонӣ маблағ ҷудо гардид», - афзуд сухангӯи раиси пойтахт.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста