Дар маркази маъмурии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – шаҳри Хоруғ ҳодисаҳои ба бемории домана мубтало гардидани аҳолӣ ба қайд гирифта шуд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» табиби эпидемиологи шифохонаи маризиҳои сироятии вилоят Бодурбек Бодурбеков хабар дод, айни замон дар Хоруғ 20 нафар ба гумони гирифторӣ ба бемории домана бистарӣ гардида, бемории 9 тан аз онҳо тасдиқ ва ташхиси боз 8 нафари дигар ҳоло тайёр набуда, танҳо дар ду ҳолат гумони аввалияи гирифторӣ ба ин беморӣ тасдиқ нашудааст.
Б.Бодурбеков ҳамчунин гуфт, айни замон сабабҳои гирифторӣ ба ин беморӣ муайян карда мешаванд. «Мо якчанд фарзияро тахмин мекунем, ки яке аз онҳо сарчашмаи гирифторӣ ба беморӣ оби ошомиданӣ, дақиқтар ҳавзаи обтақсимкунии об ба манзилҳои зист аст. Аммо фарзияҳои дигар ҳам вуҷуд доранд, ки мо алҳол дар бораи онҳо ҳарф заданӣ нестем. Сабабҳои воқеӣ танҳо пас аз санҷиши дақиқ муайян хоҳанд шуд», - гуфт эпидемиолог.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати тандурустии ҷумҳурӣ хабар доданд, барои муайян кардани сабабҳои хурӯҷи бемории домана сардухтури санитарии ҷумҳурӣ Аъзам Мирзоев, роҳбари Хадамоти назорати давлатии санитариву эпидемиологӣ Самариддин Алиев ва сироятшиноси ғайриштатии Вазорати тандурустӣ Эркин Раҳмонов ба шаҳри Хоруғ сафарбар шудаанд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста