Кумитаи умури дини назди ҳукумат то ҳанӯз дастури «52 мавъизаи намози рӯзи ҷумъа» барои имомхатибони масҷидҳои ҷомеъро ба нашр нарасонидааст.
Дар бораи нашри ин дастур раиси Кумитаи мазкур Абдураҳим Холиқов ҳанӯз аввали сол изҳори назар карда буд. Дар дастур 52 мавзӯи ҳатмӣ барои мавъизаҳои намози рӯзи ҷумъа дарҷ гардида, имомхатибони мутобиқи он мавъиза хоҳанд гуфт.
Тавре ба islamnews.tj муовини раиси Кумиаи умури дини ҷумҳурӣ Мавлон Мухторов хабар дод, айни замон дастур дар ҳоли таҳия буда, тамоми мавзӯъҳо мавриди баррасиву омӯзиши комиссияи махсус аз ҳисоби рӯҳониёну олимон ва мансабдорон қарор доранд.
Коршиноси мустақили масоили дин Фаридун Ҳодизода мегӯяд, дастур чандин маротиба тағйир дода шуда, якчанд намунаҳои он пешниҳод шудаанд. «Дар ин масъала «рӯ овардан ба деморатия» ва ба инобат гирифтани ақидаи ҳамагон зарур нест, зеро имомхатибон беш аз 340 нафар буда, ҳар кадоме аз онҳо як пешниҳоди наве иброз медорад ва аз ин рӯ, ин ҷараён метавонад то ба бепоёнӣ идома ёбад», - гуфт ӯ.
Дар ҳамин ҳол, Ф.Ҳодизода аз ташаббуси ҳукумат дар таҳияи дастур, ки дар он мавзӯъҳои мавъизаҳо мушаххасан дарҷ меёбанд, пуштибонӣ намуда, изҳор кард, ки дар мавъизаҳо имохатиб бояд бештар на дар бораи қоидаҳои шариат, балки дар бораи ахлоқу маънавиёт ҳарф бизанад, зеро дар дин чизи аз ҳама муҳим ахлоқу маънавиёт аст.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста