Дар натиҷаи гуфтушунидҳои тӯлонӣ бо мақомоти дахлдори давлатии Русия ба сафоратхонаи Тоҷикистон дар Русия муяссар гардид, ки чанде қабл ду нафар шаҳрвандони Тоҷикистонро тавассути транзит ба Сочи аз Абхозистон ба ватан баргардонад. Онҳо муддати ним сол дар Абхозистон қарор доштанд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз намояндагии дипломатии Тоҷикистон дар Маскав хабар доданд, зодагони шаҳри Исфара ва ноҳияи Вахш Нурулло Абдуллоеви 32-сола ва Суннатулло Иброҳимови 23-сола шаш моҳ пеш тавассути қаламрави Русия ба Абхозистон рафтаанд, вале ба иллати надоштани ҳуҷҷатҳои зарурӣ, хадамоти марзбонии Русия дигарбора онҳоро ба қаламрави Русия роҳ надодааст.
«Бо назардошти дархостҳои чандинбораи сафорати Тоҷикистон ва намояндагони диаспораи тоҷикони шаҳри Сочи, ҳукуматдорони Русия ба таври истисно ба вуруди транзитии онҳо тавассути қаламрави Русия иҷозат доданд», - гуфт манбаъ.
Зикр гардид, ки шаҳрвандони зикршудаи Тоҷикистон чанде қабл бо хатсайри ҳавоии Сочи-Душанбе озими ватан шудаанд.



Сабикаҳои тиллои Бонки миллии Тоҷикистон дар соли 2025 қариб 40% гарон шуданд
Теъдоди донишҷӯёни тоҷикистонӣ дар Ӯзбекистон дар соли 2025-ум 2 баробар зиёд шудааст
Баъди ҳамлаҳои мусаллаҳона аз Афғонистон сохтмони як роҳи байналмилалӣ дар Дарвоз қатъ шудааст
Дар Тоҷикистон гирифтани тасдиқи маълумотнома дар бораи вазъи оилавӣ ба таври онлайнӣ ба роҳ монда шуд
Ҳукумати нав сохтанд ё ҷойгузини ҳам шуданд? Дар Украина чанд мансабдор аз вазифа рафт
Тағйироти кадрӣ. Ёрдамчии раисҷумҳур ва роҳбарони 9 шаҳру навоҳӣ нав шуданд
Боздошти як зодаи Тоҷикистон дар Русия дар робита ба марги як блогери рус
Пахта дар бозори ҷаҳонӣ қимат мешавад. Ин ба Тоҷикистон чӣ фоида дорад?
Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии амнияти занон зинаи 89-умро касб кард
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Ҳикояи “Хоб”-и Юнус Юсуфӣ |Қисми 2
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста