Ин замон дар шаҳри Душанбе вохӯрии раиси пойтахт бо сокинони шаҳр идома дорад. Гуфтугӯи озоди «Бидуни миёнаравон», ки бо ташаббуси худи Маҳмадсаид Убайдуллоев сурат гирифт, дар маркази равобити «Пойтахт» ҷараён дорад.
Тайи ду ҳафтаи ахир беш аз 400 нафар сокинони пойтахт дар саҳифаи раиси пойтахт дар шабакаи Facebook сабтином гардиданд. Бо дархости раиси шаҳри Душанбе сокинон мувофиқи имкон қаблан суолҳои худро ба саҳифаи чорабинӣ ирсол намуданд, то ки ӯ дар ҳамдастӣ бо роҳбарони сохторҳои салоҳиятнок ба онҳо посухҳои ҳамаҷонибаву қаноатбахш омода созад.
Дар ҳамин ҳол, барои касоне, ки ба иштирок дар ин вохӯрӣ имкон надоранд, дар сомонаи http://www.mometavonem.tj/video/ пахши видеоии вохӯрӣ бо раиси шаҳри Душанбе ташкил карда шудааст.
Тавре аз хадамоти матбуотии раиси пойтахт қаблан хабар дода буданд, Маҳмадсаид Убайдуллоев баргузор намудани вохӯриро барои табодули афкор ва баррасии масоили муҳими шаҳрдорӣ, мушкилоти мавҷуда ва посух ба суолҳои мавриди таваҷҷуҳи ҷомеа пешниҳод намуда буд.
Дар ҷараёни мулоқот масоили амалисозии Нақшаи генералии шаҳр, бартараф кардани манзилҳои истиқоматии фарсудаву кӯҳна, симои ояндаи пойтахт, вазъи роҳҳои мошингарди шаҳр ва фаъолияти нақлиёти ҷамъиятӣ баррасӣ хоҳанд шуд.
Дар мулоқот ҳамчунин ба мушкилоти мавҷуда дар соҳаи хоҷагии манзилию коммуналӣ, лоиҳаи инноватсионии шаҳрии Mometavonem.tj ва таъмини ғановати бозори истеъмолӣ бо маводи ғизоии мавриди ниёзи аввалияи мардум таваҷҷуҳ зоҳир хоҳад шуд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста