Дар шаҳри Душанбе вохӯрии озоди «Бидуни миёнаравон»-и раиси пойтахт бо сокинони шаҳр идома дорад.
Дар оғози вохӯрӣ раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев изҳор кард, ки 30%-и буҷети давлатӣ аз ҳисоби шаҳри Душанбе ташаккул меёбад ва пойтахт дар муқоиса бо се вилояти кишвар бештар андоз ҷамъоварӣ мекунад.
«Аксари душанбегиҳо маҳз барои андозбандӣ маро хуш надоранд, вале ман мутмаинам, ки дар Душанбе метавон аз ин ҳам бештар андоз ҷамъоварӣ намуд, - гуфт вай. – Агар мо имсол 1 млрд. сомонӣ андоз ҷамъоварӣ намоем, дар сурати фаъолияти хубтар дар соли оянда, мо метавонем беш аз 3 млрд сомонӣ маблағ ба даст орем».
Дар робита ба мушкилоти мавҷуда дар бахшҳои тандурустиву маориф раиси пойтахт изҳор кард, ки ин мушкилот дар бештари ҳолатҳо бинобар сабаби мавқеи ғайриқаноатбахши шаҳрвандии худи сокинон ба вуҷуд меояд. «Бо имзои қарори аттестатсияи директорони макотиби таҳсилоти умумӣ ман барои худ душманони зиёде пайдо кардам, вале аттестатсия нишон дод, ки беш аз 80%-и директорон ба ин мансаб лоиқ нестанд», - гуфт ӯ.
Раиси пойтахт ҳамчунин аз он изҳори нигаронӣ кард, ки аксари падару модарон қариб умуман ба мактабҳо намераванд ва беморон бидуни огаҳӣ аз ҳуқуқҳои худ ба кормандони тиббӣ пора медиҳанд.
М.Убайдуллоев таъкид кард, ки аз фаъолияти худ ба ҳайси раиси пойтахт, ки аз соли 1996 онро ба уҳда дорад, ифтихор мекунад. «Ман бекориро бад мебинам ва тамоми кӯшишамро баҳри шукуфоии пойтахт ба харҷ медиҳам», - иброз дошт раиси шаҳри Душанбе.
Ӯ ба сокинони шаҳри Душанбе, ки дар ин вохӯрӣ беш аз 400 нафарро ташкил медиҳанд, муроҷиат карда, гуфт, ба дастгирии онҳо ниёз дорад ва маҳз барои ҳамин онҳоро ба суҳбати ошкоро даъат кардааст.
Ёдрас мекунем, барои касоне, ки ба иштирок дар ин вохӯрӣ имкон надоранд, дар сомонаи http://www.mometavonem.tj/video/ пахши видеоии вохӯрӣ бо раиси шаҳри Душанбе ташкил карда шудааст.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста