Як гурӯҳи корбарони тоҷикистонии шабакаи иҷтимоии Facebook пешниҳод кардаанд, ки рӯзи 2-юми сентябр алайҳи ширкатҳои мобилӣ таҳрим эълон карда шавад. Дар ин сана ба оғози амалиёти низомӣ дар Хоруғ 40 рӯз пур мешавад.
Корбарони шабака зикр мекунанд, ки дар натиҷаи қатъи алоқаи мобилӣ муддати як моҳ мардум бо хешовандону наздиконашон иртибот гирифта наметавонистанд.
«Тӯли як моҳ ҳеҷ кадоме аз роҳбарони ширкатҳои мобилӣ қазияро шарҳ надода, аз мардум узр напурсиданд ва онҳоро бо андӯҳашон танҳо гузоштанд, - таъкид месозанд онҳо. – «Ним соати сукут» як навъ таҳримест алайҳи ширкатҳои мобилӣ, ки бидуни қарори додгоҳ (мутобиқи талаботи қонунгузории ҶТ) алоқа бо минтақаро қатъ намуданд. Ин нақзи мустақими ҳуқуқи инсон аст».
Аз корбарони тоҷикистонии ин шабака даъват мешавад, ки санаи 2-юми сентябр муддати расо ним соат телефонҳои мобилии худро хомӯш созанд, то ки «ба ҷои нозуктарини ширкатҳо – кисаашон зарба зананд».
Мебояд гуфт, ки аксари корбарони шабака ба эълони таҳрим ва хомӯш кардани телефонҳои ҳамроҳи худ розианд.
Ёдрас мекунем, ки соати 04:00-и субҳи рӯзи 24-уми июл то оғози амалиёти низомии нерӯҳои қудратӣ иртиботи телефонӣ бо маркази маъмурии ВМКБ – шаҳри Хоруғ қатъ гардид.
Он замон қатъи иртиботи телефонӣ бо шаҳри Хоруғ ва ноҳияҳои атрофи онро сардори Хадамоти алоқаи назди ҳукумати ҶТ Бег Зуҳуров комилан ба мушкилоти фаннӣ нисбат дода, изҳор карда буд, ки «ҳангоми рӯйдодҳои ба ҳамагон маълуми шаҳри Хоруғ тир ба симҳо бархӯрдааст , ки он ба қатъи алоқа боис гардид».
Алоқа тавассути телефонҳои хонагӣ бо Хоруғ рӯзи 28-уми июл ва иртибот тариқи телефонҳои ҳамроҳ 25-уми август барқарор шуд.
Дар ҳамин ҳол, ба ОИ «Азия-Плюс» муссар нагардид, ки дар бораи барқарор шудани алоқаи мобилӣ бо Хоруғ бевосита аз Хадамоти алоқи назди ҳукумати ҶТ маълумоте дастрас намояд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста