Иртиботи телефонӣ бо маркази маъмурии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – шаҳри Хоруғ барқарор гардид ва акнун ҳам тавассути телефони хонагӣ ва ҳам телефони ҳамроҳ метавон ба онҷо дар алоқа шуд.
Ёдрас мекунем, ки санаи 24-уми июл бо оғози амалиёти махсуси нерӯҳои қудратии ҳукумат алоқа бо шаҳри Хоруғ комилан қатъ шуда буд. Каме баъдтар иртибот тавассути телефони хонагӣ имконпазир гардида буд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилоят хабар дод, рӯзи шанбе, 25-уми август воҳидҳои низомии Вазорати мудофиа ва Гвардияи миллӣ ба хурӯҷи нерӯҳои худ аз ВМКБ оғоз намуданд. «Айни замон дар Хоруғ танҳо воҳидҳои низомии Вазорати корҳои дохилӣ боқӣ монданд», - гуфт манбаъ.
Зикр гардид, ки феълан вазъ дар шаҳри Хоруғ ором буда, муассисаҳои давлатӣ ва бозору мағозаҳо ба фаъолият пардохтаанд. Ба иттилои манбаъ, яке аз гумонбарони қатли генерал Назаров – қумондон Толиб Айёмбеков айни замон таҳти баёноти тарк накардани маҳалли сукунат дар шаҳри Хоруғ қарор дорад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста