Маблағи пулии хайрия дар ҳаҷми 130 ҳазор сомонӣ, ки дар намози иди Рамазон дар 157 масҷиди 10 ноҳияи минтақаи Кӯлоб ҷамъоварӣ шуд, ба қишри камбизоати аҳолии минтақа тақсим гардид.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» мудири шуъбаи умури дини минтақаи Кӯлоб Шариф Абдулҳамидов хабар дод, бо пешниҳоди комиссияҳои махсуси назди мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияҳо ин маблағ ба 2005 оилаи ниёзманд ба кӯмак дастрас карда шуд.
Ш.Абдулҳамидов мегӯяд, рӯзи ид маблағи аз ҳама бештар дар масҷидҳои ноҳияҳои Темурмалик ва Ҳамадонӣ ҷамъоварӣ шудааст, ки мутаносибан 136 ва 101 ҳазор сомониро ташкил медиҳанд.
«Имомхатибони 12 масҷиди шаҳру ноҳияи Кӯлоб ҳарчанд аз намозгузории 25 ҳазор ибодаткунандагон дар ин рӯз хабар дода бошанд ҳам, дар ин масҷидҳо ҳамагӣ 9 ҳазору 780 сомонӣ маблағ ҷамъоварӣ шудааст», - афзуд номбурда.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста