Имрӯз дар шаҳри Боку сафири Тоҷикистон дар Озарбойҷон Зокир Вазиров пас аз бемории тӯлонӣ дар синни 65-солагӣ аз олам даргузашт. Дар ин бора ба ОИ «Азия-Плюс» аз ҳукумати ҷумҳурӣ хабар доданд.
Ахири моҳи август Зокир Вазиров дар ҳолати вазнин ба бемористони марказии клиникии Боку оварда шуд. Сафир ба шуъбаи эҳёгарӣ бистарӣ шуда, табибон вазъи солимии Зокир Вазировро, ки инсулт (сактаи майна)-ро аз сар гузаронид, вазнини миёна арзёбӣ карда буданд.
Аз департаменти ВКХ ҶТ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки айни замон вазифаи кордори муваққатии умури Тоҷикистон дар Озарбойҷон ба зиммаи мушовири сафорат Зоҳир Саидов вогузор шудааст.
Зокир Вазиров бо фармони президенти Тоҷикистон аз 27-уми феврали соли 2008 сафири Тоҷикистон дар Озарбойҷон таъин шуд. То ин дам ба ҳайси ректори Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмати ҶТ (аз моҳи декабри соли 2006), вазири меҳнат ва ҳифзи аҳолии ҶТ (аз моҳи феврали соли соли 2005) ифои вазифа намуда, аз соли 1998 то соли 2005 мутобиқи квотаи 30 дарсадаи ҷудошуда ба Иттиҳоди нерӯҳои мухолифини тоҷик, ба сифати муовини нахуствазири ҳукумати Тоҷикистон фаъолият дошт.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста