Аз 15-уми сентябр то 18-уми октябр дар шаҳри Душанбе IT-мактаби ройгони Маркази технологияҳои молиявӣ баргузор мешавад.
IT-мактаби Маркази технологияҳои молиявӣ лоиҳаи омӯзишӣ барои такмили тахассуси IT-мутахассисон дар соҳаи технологияҳои муосири иттилоотӣ барои бозори молиявӣ аст. Татбиқи лоиҳа соли 2007 дар Маскав оғоз ва дар шаҳрҳои Сакнт-Петрбург, Қазон ва Новосибирск доир гардидааст. Феълан садҳо хатмкунандагони ин мактаб дар Маркази технологияҳои молиявӣ ва бонкҳои бузургтарини Русия ва кишварҳои узви ИДМ муваффақона фаъолият доранд.
Бино ба маълумоти Маркази технологияҳои молиявӣ, таҳсил ба хатмкардагони мактаб дар муайян кардани вазъи молиявии худ дар бозори меҳнат, пайдо кардани шуғли мунтазам ва шоиста, афзун кардани донишу малака дар бахши технологияҳо ва маҳсулоти инноватсионии молиявӣ имкони хуб фароҳам месозад.
Дар машғулиятҳои IT-мактаб метавон ҳангоми машғул будан ба кор низ иштирок кард, зеро таълим ба таври фосилавӣ сурат гирифта, санҷишҳо дар вақти берун аз кор гузаронида мешаванд. Таҷрибаи таҳияи таъминоти барномавии тиҷоратӣ ҳатмӣ нест. Қабул ба мактаб тавассути озмун дар асоси аризаҳои воридшуда баргузор мегардад. Маълумоти муфассал дар бораи лоиҳаи IT-мактаби Маркази технологияҳои молиявиро метавон аз ин суроға дарёфт намуд.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста