Дар остонаи таҷлили ҷашни навбатии солгарди истиқлоли ҷумҳурӣ дар шаҳри Душанбе 8 майдони муосири варзишӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор мегирад, ки масоҳати умумии он 10 ҳазор метри мураббаъ ва маблағи хароҷоташ беш аз 4 млн. сомониро ташкил медиҳад.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» котиби матбуотии раиси шаҳри Душанбе Шавкат Саидов хабар дод, ин майдонҳо дар ҳудуди шаҳраку маҳаллаҳои пойтахт баҳри истироҳату фароғат ва бо варзиш шуғл варзидани наврасон пешбинӣ шудаанд.
«Дар асоси муқаррароти шаҳрдорӣ то соли 2015 ҳар як шаҳраку маҳаллаҳо аз ҳисоби буҷети шаҳр бо майдончаҳои муосири варзишию солимгардонӣ таъмин карда мешаванд», - гуфт вай.
Номбурда изҳор кард, ки ба муносибати таҷлили ҷашни истиқлол ҳамчунин мавриди истифода қарор гирифтани ҳудуди 32 ҳазор метри мураббаъ манзил, анҷоми таъмири 13,4 ҳазор километр роҳҳо, 11,7 ҳазор метри мураббаъ биноҳои маъмурӣ ба маблағи умумии 183,7 млн. сомонӣ дар назар аст.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста