Вазорати маорифи ҷумҳурӣ як қисми донишҷӯёнро, ки ҳафтаи гузашта дар назди бинои вазорат даст ба намоиши этирозӣ зада буданд, барои баргаштан ба Қазоқистон розӣ кард.
Ҳафтаи гузашта беш аз 90 нафар донишҷӯён ба намоиши эътирозӣ даст зада, аз пешниҳоди ихтисоси дигар дар мактабҳои олии Қазоқистон изҳори норзигӣ карданд, зеро онҳо дар давраҳои омӯзишии омодагӣ бо ихтисосҳои дигар таҳсил карда будаанд. Рӯзи дигараш онҳо дар назди кохи раисиҷумҳур гирдиҳам омада буданд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» котиби матбуотии Вазорати маорифи ҷумҳурӣ Маҳмудхон Шоев хабар дод, аксари онҳо баҳри таҳсил дар Академияи тиббии Алмаато дар курсҳои омодагӣ таҳсил намудаанд, лекин Вазорати маорифи Қазоқистон балли қабул ба макотиби олиро аз 50 балли пешина то 90 балл боло бурда, аз ин рӯ, ба довталабон аз Тоҷикистон ихтисоси дигар, аз ҷумла байтор пешниҳод шуд.
Ба гуфтаи ӯ, мақомоти раҳбарии вазорат доишҷӯён ва волидайни онҳоро ба ҳузур пазируфта, ин масъаларо шарҳ додааст. Аксари онҳо тасмим гирифтанд, ки таҳсил бо ихтисосҳои пешниҳодшуда дар Қазоқистонро идома диҳанд, аммо 10-15 нафар донишҷӯён то ҳанӯз норозианд.
Дар ҳамин ҳол, аз сафорати Қазоқистон дар Душанбе ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки намояндагии дипломатӣ бо мактуб ба Вазорати маорифи Қазоқистон муроҷиат кардааст. «Вазоратҳои маорифи кишварҳо сарвақт масъалаи қабули донишҷӯёнро ҳаллу фасл накардаанд. Тайи ду-се сол қабли донишҷӯёни тоҷик муътадил ҷараён дошта, онҳо бо ихтисосҳои интихобкардаашон таҳсил мекарданд. Имсол бошад, чунин бесарусомонӣ ба вуқӯъ пайваст», - гуфтанд дар сафорат.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста