Маросими видоъ ва ҷанозаи академик Муҳаммадҷон Шакурӣ соати 11-и имрӯз дар назди манзили зисташ дар кӯчаи Навоӣ (пушти муҷассамаи Абӯалӣ ибни Сино) баргузор мегардад.
Ёдрас мекунем, ки субҳи рӯзи якшанбе муаллифи қонуни ҶТ «Дар бораи забони давлатӣ», олими маъруфи тоҷик Муҳаммадҷон Шакурӣ дар синни 87-солагӣ аз олам даргузашт.
«Ба корҳои тадорукотии дафни олим Академияи улуми Тоҷикистон, Иттифоқи нависандагони ҷумҳурӣ ва ҳамчунин намояндагони Дастгоҳи иҷроияи сарвари давлат машғуланд», - гуфт ба ОИ «Азия-Плюс» раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Меҳмон Бахтӣ.
Ба гуфтаи ӯ, имрӯз ҷасади академик дар оромгоҳи Лучоби пойтахт паҳлӯи фарзандони барӯманди халқи тоҷик ба хок супурда мешавад.
М.Бахтӣ ҳамчунин таъкид намуд, ки рӯзҳои наздик Иттифоқи нависандагон ва Академияи улуми ҷумҳурӣ баҳри абадӣ гардонидани хотираи академик Муҳаммадҷон Шакурӣ ба ҳукумати кишвар муроҷиат хоҳанд кард.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста