Академик Муҳаммадҷон Шакурӣ бидуни шубҳа таҷассумгари бузургии миллати тоҷик буда, марги ӯ барои забону адабиёт ва фарҳанги Тоҷикистон талафоти бузург аст, - гуфт дар робита ба даргузашти академик М.Шакурӣ Нависандаи халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи А.Рӯдакӣ Саттор Турсун.
Ба андешаи ӯ, М.Шакурӣ замони наврасӣ аз пойтахти қадимаи тоҷикон – шаҳри Бухоро ба пойтахти нави мардуми тоҷик – шаҳри Душанбе як қисмате аз фарҳанги қадима, забону ҳунар ва адабиётро бо худ оварда, онро ба ҳаводорони эҷодиёташ моҳирона пешниҳод намуд.
«Барои тарбияву ба қуллаҳои баланди касбӣ расидани насли нави адабиётшиносону олимони Тоҷикистон хизматҳои М.Шакурӣ арзанда буда, мероси гузоштаи олим боз муддати садсолаҳо зарур ва мавриди истифода хоҳад буд», - зикр кард С.Турсун.
Ин дақиқаҳо дар назди манзили зисти академик дар кӯчаи Навоӣ (пушти муҷассамаи Абӯалӣ ибни Сино) маросими видоъ ва ҷанозаи академик Муҳаммадҷон Шакурӣ ҷараён дорад.
Имрӯз соати 13:00 ҷасади академик Муҳаммадҷон Шакурӣ дар оромгоҳи Лучоби пойтахт паҳлӯи фарзандони барӯманди халқи тоҷик ба хок супурда мешавад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста