Роҳбари барномаи минтақавии Бонки ҷаҳонӣ оид ба муҳоҷират дар минтақаи Осиёи Марказӣ Сударшан Канагараҷа бар ин назар аст, ки Тоҷикистон як вазъи беҳамтои муҳоҷиратро доро буда, ҳеҷ яке аз вазъҳои мавҷудаи ҷаҳон дар ин самт ба он шабоҳат надоранд.
Зимни вохӯрии гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ таҳти роҳбарии Сударшан Канагараҷа бо сардори Хадамоти муҳоҷирати назди ҳукумати ҶТ Сафиалло Девонаев, ӯ изҳор кард, ки Тоҷикистон бояд мустақилона роҳи ҳалли мушкилоти муҳоҷиратро дарёбад.
Дар ҳамин ҳол, Канагараҷа зикр кард, ки «дар ин самт Тоҷикистон дар муҳлатҳои кӯтоҳтарин ба дастовардҳои назаррас ноил гардид».
«Ба гунаи мисол метавон гуфт, аксари масоилеро, ки Тоҷикистон дар мудддати як сол ба ҳалли он муваффақ гардид, Филиппин дар 10 сол ҳал намуд, - таъкид дошт ӯ. – Аммо дар бозори байнулмилалии меҳнат рақобат барои қувваи корӣ ба марҳилаи нисбатан шадидтар мегузарад, вале Тоҷикистон ба он ҳанӯз омода нест».
Роҳбари гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ чунин мешуморад, ки бо назардошти мушкилоти мавҷудаи Тоҷикистон дар масоили муҳоҷират, таъсиси марказҳои омодагии то ба муҳоҷират рафтан зарур аст.
Дар ҳамин ҳол, мушовири Бонки ҷаҳонӣ Томас Ачакосо қайд кард, ки муҳоҷирати корӣ сарчашмаи асосии рушди иқтисодии Тоҷикистон маҳсуб меёбад.
Ба андешаи ӯ, имрӯз ҷумҳурӣ барои дар муҳлатҳои кӯтоҳтарин ҳал намудани маҷмӯи васеи масъалаҳо дар ин самт бояд чораҳои муассир биандешад. «Дарёфти чунин роҳҳои ҳалли масъала зарур аст, ки бо талаботи байнулмилалӣ созгор бошанд», - афзуд ӯ.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста