Имрӯз ҷаноби Хироюки Имаҳашӣ, сафири Ҷопон дар Тоҷикистон ва хонум Мария Шехова, сардухтури Маркази нефрологӣ дар назди бемористони клиникии кӯдаконаи №2, созишномаи грантӣ роҷеъ ба «Лоиҳаи беҳтар намудани таҷҳизоти тиббии Маркази ҷумҳуриявии нефрологии кӯдаконаи Тоҷикистон» ба маблағи 106,548 доллари ИМА ба имзо расониданд.
Тавре аз сафорати Ҷопон дар Тоҷикистон иттилоъ доданд, ин лоиҳа аз тарафи Ҳукумати Ҷопон дар чаҳорчӯбаи кӯмакҳои бебозгашти лоиҳаҳои амнияти башарӣ барои бахши аъзами аҳолӣдастгири мешавад.
Маркази нефрологӣ ягона муассисаи тиббиест, ки мустақиман бо маризиҳои гурдаи кӯдакона дар Ҷумҳурии Тоҷикистон сарукор дорад ва барои пешкаш намудани хизматрасонии тиббӣ барои беш аз 3 ҳазор кӯдак дар як сол нақши асосиро мебозад. Лекин бештари таҷҳизоти тиббии мавҷуда кӯҳна буда, дар ҳолати ногувор мебошад. Норасоии таҷҳизоти тиббӣ яке аз омилҳои асосӣ барои хизматрасонии хуби тиббӣ барои беморон мебошад.
Дар натиҷаи амали гаштани ин лоиҳаи мазкур, таҷҳизотҳои нави тиббӣ ба монанди УЗИ, коагулятор ва ғайра дар марказ пайваст мегарданд. Татбиқи ин лоиҳа боиси баланд бардоштани сатхи хизматрасонии тиббӣ барои беш аз 3 ҳазор нафар беморони гурда мебошад.
Кӯмакҳои бебозгашти лоиҳаҳои амнияти башарӣ барои бахши аъзами аҳолӣ ба ҳокимиятҳои маҳаллӣ, соҳаҳои маорифу тандурустӣ ва ташкилотҳои байналмиллалии ғайридавлатии мамлакатҳои рӯ ба тараққӣ расонида мешавад. Ҳукумати Ҷопон аз соли 1996 инҷониб барои бахши аъзами аҳолӣ 285 лоиҳаҳои кӯмаки башариро ба маблағи умумии $21.4 миллион доллари ИМА дар Тоҷикистон амалӣ намудааст.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста