Ба хотири баланд бардоштани сатҳи дониши динӣ ва дунявии имомхатибони ҷумҳурӣ дар назди Маркази исломии Тоҷикистон Маркази бозомӯзии имомхатибон таъсис дода шуд.
Дар маросими ифтитоҳи марказ раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон Саидмукаррам Абдуқодирзода изҳор кард, ки омӯзиш дар марказ дар се гуруҳ ба роҳ монда мешавад. «Ба гуруҳи аввал ҷавонони дорои номаи камол бо супоридани имтиҳон қабул карда шуда, дар баробари омӯзиши асосҳои динӣ, дар муддати се сол онҳо ҳамчунин ба омӯзиши фанҳои дақиқ ва гуманитарӣ низ фаро гирифта хоҳанд шуд, - гуфт ӯ. – Дар гуруҳи дуюм имомхатибони амалкунанда муддати аз 20 рӯз то як моҳ мавриди бозомӯзӣ қарор гирифта, дар гуруҳи сеюм афроди синнусоли гуногун муддати шаш моҳ ба таҳсил машғул хоҳанд гардид».
Абдуқодирзода ҳамчунин гуфт, таъсиси марказ бо ташаббуси чанде аз соҳибкорон амалӣ гардида, онҳо минбаъд низ ба фаъолияти марказ кӯмак хоҳанд расонид.
Маркази мазкур аз қайди давлатии ваколатдор оид ба корҳои дин гузашта тамоми ҳуҷҷатҳои зарурӣ барои ба фаъолият шуруъ намудан омода шудааст. Бояд зикр намуд, ки чунин Марказҳо дар аксари кишварҳои тараққикардаи дунё, аз ҷумла Туркия амал мекунанд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста